Ба номи Худованди бахшояндаи мехрубон




  1. Ё, син.
  2. Савганд ба Куръони хикматомез,
  3. ки ту албатта, аз паёмбарон хасти,
  4. бар рохе рост.
  5. Куръон аз чониби он пирузманди мехрубон нозил шуда,
  6. то мардумеро бим дихи, ки падаронашон бим дода нашуданд ва дар бехабари буданд.
  7. Ваъдаи Худо дар бораи бештаринашон тахаккук ёфта ва имон намеоваранд.
  8. харойна, мо бар гарданхояшон то манаххо тавк ниходем, чунон ки сархояшон ба болост ва поин оварда натавонанд,
  9. Дар баробарашон деворе бардоштам ва дар пушти сарашон деворе. Ва бар чашмонашон низ пардае афкандем, пас онхо намебинанд.
  10. Фаркашон накунад, чи онхоро битарсони ва чи натарсони, имон намеоваранд.
  11. Танхо ту касеро метарсони, ки аз Куръон пайрави кунад ва аз Худои Рахмон дар нихон битарсад. Чунин касро ба омурзиш ва музди неку мужда бидех!
  12. харойна, Мо мурдагонро зинда мекунем. Ва хар кореро, ки пеш аз ин кардаанд ва хар асареро, ки падид овардаанд, менависем ва хар чизро дар Китоби мубин2 шумор кардаем.
  13. Достони мардуми он дехаро бар онхо биёвар, он гох ки расулон ба он чо омаданд.
  14. Нахуст ду танро ба наздашон фиристодем ва дуруггуяшон бароварданд, пас бо саввуми нерушон додем ва гуфтанд: «харойна, мо ба суи шумо фиристода шудаем».
  15. Гуфтанд: «Шумо инсонхое монанди мо хастед ва Худои Рахмон хеч чиз нафиристодааст ва шумо дуруг мегуед».
  16. Гуфтанд: «харойна, Парвардигори мо медонад, ки мо ба суи шумо фиристода шудаем.
  17. Ва бар ухдаи мо чуз паём расонидани ошкоро хеч нест».
  18. Гуфтанд: «Ба тахкик, Мо шуморо ба фоли бад гирифтаем. Агар бас накунед, хатман, сангсоратон хохем кард ва шуморо аз мо шиканчае сахт хохад расид».
  19. Гуфтанд: «Фоли бади шумо бо худи шумост. Оё агар пандатон диханд, чунин мегуед? Балки, мардуме аз хад гузашта хастед!»
  20. Марде аз шахри дурдаст давон – давон омаду гуфт: «Эй кавми ман, ба ин расулон пайрави кунед!
  21. Ба касоне, ки аз шумо хеч музде наметалабанд ва худ мардуме хидоятёфтаанд, пайрави кунед!
  22. Чаро Худоеро, ки маро офаридааст ва ба назди у бозгардонда мешавед, напарастам?
  23. Оё гайри у худоёнеро ихтиёр кунам, ки агар Худои Рахмон бихохад ба ман зиёне бирасонад, шафоъаташон маро хеч суд накунад ва маро рахои набахшанд?
  24. харойна, дар ин хангом ман дар гумрохии ошкор бошам.
  25. харойна, ман ба Парвардигоратон имон овардам. Сухани маро бишнавед»
  26. Гуфта шуд: «Ба бихишт дарой! (вакте ки кавм ба зулм халокаш карданд ва неъматхои бихиштро дид)» Гуфт: «Эй кош, кавми ман медонистанд,
  27. ки Парвардигори ман маро (ба чи сабабе) биёмурзид ва дар зумраи гиромишудагон даровард».
  28. Ва аз он пас бар сари кавми у хеч лашкаре аз осмон фуру нафиристодем. Ва Мо фиристанда набудем.
  29. Як бонги сахте буд, ки ногох хама бар чой сард шуданд.
  30. Эй дарег бар ин бандагон! Хеч паёмбаре бар онхо фиристода нашуд, магар он, ки масхарааш карданд.
  31. Оё надидаанд, ки чи мардумеро пеш аз онхо халок кардаем, ки дигар, харгиз, ба наздашон бознамегарданд.
  32. Ва хеч касе нест, ки назди Мо хозираш наоранд.
  33. Нишонаи ибратест бар онхо замини мурда, ки зиндааш сохтем ва аз он донае, ки аз он мехуранд, берун овардем.
  34. Ва дар он богхое аз нахлхову токхо падид овардаем ва чашмахо равон сохтем,
  35. то аз самароти он ва дастранчи хеш бихуранд. Чаро сипос намегуянд?
  36. Пок аст он Худое, ки хамаи чуфтхоро биёфарид, аз он чи замин меруёнад ва аз худашон (нару мода) ва хар он чизе, ки намедонанд (ишора ба кашфиёти муъосири илми аст, ки собит кардааст, ки чинсият (нару модаги) дар тамоми мавчудод, хатто заррахо, ки мусбату манфи мешаванд, мавчуд аст).
  37. Шаб низ барояшон ибрате дигар аст, ки рузро аз он бармекашем ва хама дар торики фуру мераванд.
  38. Ва офтоб ба суи кароргохи хеш равон аст. Ин фармони Худои пирузманду доност.
  39. Ва барои мох манзилхое андоза кардем, то монанди шохаи хушки хурмо борик шавад.
  40. Офтобро насазад, ки ба мох расад ва шабро насазад, ки бар руз пеши гирад ва хама дар фалаке шиноваранд.
  41. Ибрате дигар барои онхо, ин ки харойна, Мо ниёгонашонро дар он киштии пуркардашуда савор кардем
  42. ва барояшон монанди кишти чизе офаридем, ки бар он савор шаванд.
  43. Ва агар бихохем, хамаро гарка месозем ва онхоро хеч фарёдрасе набошад ва рахои наёбанд,
  44. чуз ба рахмати Мо ва бархурдори то хангоми марг.
  45. ва он гох ки ба онхо гуфта шавад, ки аз он чи дар пеши руй доред ё пушти сар мегузоред, битарсед, то ки бар шумо рахмат оранд (руй баргардонанд).
  46. Ва хеч ояте аз оёти Парвардигорашон бар онхо нозил нашавад, чуз он ки аз он руй гардонанд.
  47. Ва чун гуфта шавад, ки аз он чи Худо рузиятон кардааст, садака кунед, кофирон ба муъминон гуянд: «Оё касонеро таъом дихем, ки агар Худо мехост, худ онхоро таъом медод? Шумо, (кофирон), албатта, дар гумрохии ошкор хастед».
  48. Ва мегуянд: «Агар рост мегуед, ин ваъда кай хохад буд?»
  49. Инхо интизории як бонги дахшатнок мебаранд, то ба он хангом ки саргарми ситеза хастанд, фуру гирадашон,
  50. он чунон ки ёрои васияте надошта бошанд ва натавонанд назди касони хеш бозгарданд.
  51. Ва дар сур дамида шавад ва онон аз кабрхо берун оянд ва шитобон ба суи Парвардигорашон раванд.
  52. Мегуянд: «Вой бар мо, чи касе моро аз хобгоххоямон барангехт? Ин хамон ваъдаи Худои Рахмон аст ва паёмбарон рост гуфта буданд!»
  53. Чуз як бонги дахшатнок нахохад буд, ки хама назди Мо хозир меоянд.
  54. Он руз ба кас ситам намешавад. Ва чуз монанди коре, ки кардаед, подош намебинед.
  55. Албатта, бихиштиён он руз ба шодмони машгул бошанд.
  56. Онхо ва хамсаронашон дар сояхое бар тахтхо такя задаанд.
  57. Дар он чо хар мева ва хар чизи дигар, ки бихоханд, фарохам аст.
  58. Ва саломе, ки сухани Парвардигори мехрубон аст (гуфта мешавад).
  59. (Ва гуфта мешавад), эй гунахкорон, имруз канора гиред!
  60. Эй фарзандони Одам, оё бо шумо паймон набастам, ки шайтонро напарастед, харойна, у душмани ошкори шумост?
  61. Ва Маро бипарастед, ки рохи рост ин аст.
  62. Бисёре аз шуморо (шайтон) гумрох кард. Магар ба акл дарнамеёфтед?
  63. Ин аст он чаханнаме, ки ба шумо ваъда дода шуда буд,
  64. ба чазои куфратон инак, дар он дохил шавед?
  65. Имруз бар дахонхояшон мухр менихем. Ва дастхояшон бо Мо сухан хоханд гуфт ва пойхояшон шаходат хоханд дод, ки чи мекардаанд.
  66. Агар бихохем чашмонашонро махв мекунем. Пас, шитобон рох пеш гиранд. Аммо кучоро тавонанд дид?
  67. Ва агар бихохем, онхоро бар чояшон масх (табдил ба хайвон ё сурати бадшакл ё берух) кунем, ки на тавони он дошта бошанд, ки пеш кадам бардоранд ва на бозпас гарданд.
  68. Хар киро умри дароз дихем, дар офариниш дигаргунаш кунем. Чаро окилона намеандешанд?
  69. Ба у шеър наомухтем ва шеър лоики у нест. Он чи ба у омухтаем, андарзу Куръони равшангар аст,
  70. то муъминонро бим дихад ва сухани хак бар кофирон собит шавад.
  71. Оё надидаанд (бо дидаи ибрат), ки бо дастони хеш барои онхо чорпоёнро (аз адам) офаридем (бе ёри, ширкат ва ваколати касе) ва акнун моликашон хастанд?
  72. Ва онхоро (чорпоёнро) ромашон кардем. Бар баъзе савор мешаванд. Ва гушти баъзеро мехуранд.
  73. Ва барои (одамон) онхо дар онхо (чорпоён) фоидахост ва ошомиданихо. Чаро шукр намегуянд?
  74. Ва ба чои Аллох худоёне ихтиёр кардаанд, ба он умед, ки ёрияшон кунанд.
  75. Онхоро (маъбудхои дуругинро) кудрати он нест, ки ба ёриашон бархезанд, вале инхо (бутпарастон) монанди сипохе ба хидматашон омадаанд.
  76. Суханашон туро андухгин насозад. Албатта, Мо хар чиро пинхон медоранд ё ошкор месозанд, медонем.
  77. Оё одами, ки акнун хасме ошкор аст (ба оёти Худо), намедонад, ки Мо уро, ба тахкик, аз нутфае офаридаем?
  78. Дар холе офариниши худро аз ёд бурдааст, барои мо мисол меорад, ки чи касе ин устухонхои пусидаро зинда мекунад?
  79. Бигу: «Касе онхоро зинда мекунад, ки дар огоз офаридааст ва у ба хар офаринише доност.
  80. Он Худое, ки аз дарахти сабз бароятон оташ падид овард ва шумо аз он оташ меафрузед?
  81. Оё касе, ки осмонхову заминро офаридааст, наметавонад хамонандашонро биёфаринад? Оре, метавонад, ки у офаринандае доност!
  82. Чун бихохад чизеро биёфарад, харойна, фармонаш ин аст, ки мегуяд: «Мавчуд шав!» Пас, мавчуд мешавад.
  83. Пок аст он Худое, ки малакути (моликияти) хар чизе ба дасти уст ва хама ба суи у бозгардонда мешавед!

 

 



Поделиться:




Поиск по сайту

©2015-2024 poisk-ru.ru
Все права принадлежать их авторам. Данный сайт не претендует на авторства, а предоставляет бесплатное использование.
Дата создания страницы: 2019-06-16 Нарушение авторских прав и Нарушение персональных данных


Поиск по сайту: