Бисмиллохиррахмониррахим




ШОХКАРИМ- АЛ-ХУСАЙНИ

 

1. Хамаи шумо пулдорон ва камбагалон, ин фарзи шумо аст, ки ба чамоъатхона билоногох (доимо) биравед. Намози худро билоногох (доимо) бихонед. Худро хоксор бисозед ва мутаккабир на. Аз парвардигор шукригузор бошед ва густох не. Ман мехохам ин фармон хамеша дар хайри шумо бошад. Ин фармон барои хамаи чамоъати исмоилиёни дуньё аст, дар хар кучое, ки зиндаги мекунанд. Ва хеч чиз маро хурсанд аз ин зиёд намекунад, ки ман мебинам, ки шумо ба чамоъатхона меравед ва хеч чиз маро афсурда намекунад, ки ман мебинам, ки шумо ба чамоъатхона намеравед. Ман инро ошкоро мегуям, ки ин фармон барои хамаи фарзандони рухонии ман аст, ки дар тамоми дуньё зиндаги мекунанд.

НУРИ МАВЛОНО

ШОХКАРИМ-АЛ-ХУСАЙНИ ХОЗИРИМОМ.

 

2.Бори дигар шуморо ман ёд мекунам, шуморо ёд медихам, ки хар кадоме аз шумо дар чисми худ рух дорад ва факат хамин рух аст, ки зиндагии абади дорад. Ва ба хар касе фарз аст, ки ёд бигирад, ки дар чисми шумо як рух аст. барои хамин вазх ба хар касе ин вочиб аст, ки ба чамоъатхона билоногох (доимо) биёяд ва билоногох (доимо) дар намози худ машгул бошад. Дар зиндагии харрузаи шумо хох шумо гам дошта бошед ва хох шумо хурсанд бошед бояд шумо фаромуш накунед, ки дар зиндагии дуньёии шумо мазхабу акидаю рухи шумо макоми мухим дорад.

Бомбай, 8 ноябрь1967

 

Фармони Мубораки

Мавлоно Султонмухаммадшох

Дар бораи шароб хурдан.

 

Шароб хурдан аз тамоми гуноххои азимтар аст. Шояд, ки дар дидани зохире хакир ва кучак маълум шавад. Ин гунох аз бутбарасти ва аз куштани ъмин бадтар хаст. Дар бораи ин ман акнун фармон мегуям, ки аз се мавзуъ иборат аст:

1. Аввал ман ва хайси пир ва муршиди шумо мебошам ва шумо мурид. Барои ман вочиб аст, ки ба шумо бигуям ва насихат кунам, зеро шумо муридони ман мебошед. Ва чизе, ки ман мегуям амал кардани он барои шумо вочиб хаст.

2. Аз сабаби дусти ва мухаббат барои шумо мегуям.

3. Аз ин лихоз мегуям, ки хар кас фармони маро шунид ва амал накард, аз гуш шунида калбан нопазир гуфт аз гурухи муридони ман шумурда намешавад ва гунахкор мебошанд. Ман шуморо мегуям, ки аз бадтарин гунохон шароб хурдан аст.

Шумо бояд, ки аз шароб ва кулли дур бошед. Максади ман инаст, ки шароб агар аз ангур ё дигар наботот ва хуббубат дуруст мешавад, ки нашъаовар мебошад харгиз махуред, зеро ки аз нушидани шароб масти пайдо мешавад ва аклро зоил (зоеъ) мекунад.

Хар чизе, ки масти пайдо мекунад бояд, ки нанушед чаро ки варо шаробхурдан бадтарин чой, яъне чаханнам дар назар гирифта шудааст.

Касоне, ки дар дуньё шароб хурда бошанд ва тавба накарда мурда бошанд, онхо дар катори кофирон махбус хоханд шуд. Пас шароб хурдан барои чамоъат як амали номуносиб аст. агар касе бихурад, муриди шайтон хохад шуд..

Барои ашхоси шаробхур дар рузи охират захри мор ва акраб хуронда мешавад, ки асар таъфон ва буи захр аъзо ва ишками у китъа хохад гардид.

Касоне, ки шароб менушанд, вакте ки ин фармони маро шунида ва тавба накарданд Худованд пайгамбар ва ман аз у безорам ва мутанафир хохам буд.

Дар хадиси пайгамбар ва «Куръон»-и шариф беш аз сад маротиба зикр шудааст, ки шароб нанушед! Ва ман тамоми шуморо ба таври сахех ва возех мефахмонам, ки аз шароб ва аз тамоми мунишёт номаъовар дур бошед.

Баъзе сухани дигар хам аст, ки агар касе мариз бошад ва бино бар тавсияи докотор ва кисми даъво истифода истеъмол кунад, гунох нест. Ба шарте, ки мариз сахт бемор бошад хаким ё доктор фавкуллода ва хушёр дониста бошад ва хуб ташхис кунад, ки ин мариз аз нушидани шароб бартараф мешавад, он вакт гунох нест.

Вале ба мариз андаку кам вочиб нест, ки бинушад, зеро паёмбари аллайиссалом шаробнушиданро азимтарин гунох, балки дар катори гуноххои кабоир шумурдааст, ки харгиз бахшида намешавад.

Хар касе фармони маро шунида ва тавба накунад, ман дуоъ мекунам, ки Худованди Оламин дуоъ ва намоз ва ибодаташонро кабул накунад.

Ман ин фармонро ба шумо гуфтаам ва шумо шунидед, лекин пас аз шунидан ин тавр нашавад, ки касе бигуяд ман шаробро баъдан тарк мекунам. Аммо ин фармонро шунида ва хамин лахза тавба кунед на он, ки гуед замоне, ки пир мешавем он вакт тарк мекунем. ХОНАОБОДОН! ХОНАОБОДОН!

 

Иршоди мубораки Мавлоно Хозиримом Шох Карим ал Хусайни, Огохон,

Поршинёв, 25 Сентябр 1998

Фарзандони рухонии азизам, хохарон ва бародарони мусулмонам!

Имруз барои ман рузи шоди ва хурсандии амик аст, чунки бори дигар шахсан бо шумо хастам. Андаке беш аз се сол гузаштааст аз замоне, ки аввалин маротиба ба хоки зебои ин минтакаи Точикистон кадам ниходам. Ба ин муносибат ба мухтарам Призидент ба хотири даъваташон ва ба хотири ин ки хамрохи ман ба Хоруг омаданд, изхори ташаккур менамоям. Мухтарам Призидент ва хукумати эшон дар Душанбе ва инчунин макомоти хукумати Бадахшони Кухи дар мумкин сохтани сафари ман кушиши бисёр ба харч додаанд.

Ман аз вакт, ухдадори ва хизмати ифтихори, ки мардону занони бисёре аз хукумат ва инчунин афроди бисёртаре аз табакахои мухталифи мардум дар чихати мумкин сохтани сафари ман ва ин мулокот анчом додаанд, амикан огох хастам ва аз онхо хусусан ба хотири талоши коллективиашон самимона ташаккур ва кадрдони мекунам.

Дар огози ин сафари фарахбахш ва дар огози ин иршод мухаббатомезтарин ва бехтарин дуохои хайри худро ба хамаи муридонам дода ва дуо мекунам, ки Худованд ба шумо ки дар ин чо хастед ба хонаву хонаводахоятон сулх, умеду бовари ба оянда ато кунад.

Хангоми сафари каблиам ман зарурати мутлаки сулх барои хайру салохи хамаи точиконро таъкид кардам, ки бояд сулх дар ин мамлакат дубора баркарор гардад. Ман аз шумо хоста будам, ки барои халли ихтилофоти худ харгиз аз силох ва ярок истифода накунед ва амикан хушхол хастам, ки аз соли 1995 Бадахшон дар сулху оромиш будаст.

Ман ба шумо ба хотири ин, ки ахлоки исломии сулхро маркази зиндагии харруза ва муносибати байни хамдигар карор додаем, табрикоту эхтироми худро изхор медорам.

Ман огох хастам, ки баъзе аз чанбахои зиндагии шумо хануз хам ноустувор хастанд, хусусан дар мавриди таъмини гизо. Аммо ман амикан бовари дорам, ки ин ноустувори нисбат ба се соли пеш ба таври чашмгири кохиш ёфтааст. Умедворам бо сулхе, ки шумо баркарор кардаед, бо захмати шумо ва иродаи шумо дар кабули тагйир, беш аз 2 то 3 сол тул нахохад кашид, то Бадахшон кодир шавад ахолии худро аз гизо таъмин кунад.

Вакте ки хамаи мо бо якдигар дар рохи зиёд намудани хосилнокии заминхои шумо кор мекунем ва ба ин васила пояхои асосиеро ба наслихои оянда медихем, то битавонанд дар асоси он ба зиндагии худ дар ин минтакаи кухистонии баланд идома диханд, Мо бояд хамзамон бо ин кор наслхои ояндаро барои дунёе, ки дар он зиндаги хоханд кард, омода кунем. Он дуньё аз дуньёи имруз бисёр фарк хохад дошт. Фарзандони шумо ба поя ва асоси донише эхтиёч хоханд дошт, ки ба равишхои зиндагии онхо мутобикат намояд, то онхо вакти худро пурсамартар созанд. Бинобар ин сохахои нави дониш лозиманд. Идеал ва матлуб ин аст, ки ин сохаи нави дониш дар системаи омузиши ва муассисоти нав реша дошта бошад.

Барои бехбуди сифати зиндаги дар Бадахшон хеч талошу кушишеро набояд дарег дошт., то беморихои кобили пешгири решакан шаванд. Хадамоти тиббии оянда бояд тавре тархрези гарданд, то посухгуи беморихои наве, ки пайдо мешаванд ва чойгузини беморихои пешин хоханд гашт, бошанд. Хусусан дар чомеахое, ки босуръат дар холи такомул мебошанд.

Бо мурури замон шумо иншоолох бояд битавонед барои худ ва хонаводахоятон сарват чамъ кунед. Вакте чунин шуд мухим аст, ки наслхои оянда бидонанд чи гуна ин сарватро хифз кунанд ва онро равнак диханд, то ин ки он сарват махфуз бимонад ва дарвокеъ хамон тавр, ки аз насле ба насли дигар интикол меёбад, зиёд гардад.

Бехбуд ва инкишофи сифати зиндаги дар Бадахшон, ки мо хама барои ба даст овардани ин кор мекунем, набояд рафтору аъмоли гайриахлоки ва ё одоти ичтимоиеро дар чомеа ворид намояд, ки бо дастурхои дини мо – ислом мухолиф бошанд. Ба дини чахонии ислом бо 1400 сол таърих ва бо беш аз як миллиард пайрав таъбирхои гуногуне дода шудааст. Ин инъикоси гуногунии мардум, таърих ва забонхои миллионхо мусулмон аст, ки уммати исломро ташкил медиханд. Мо бояд ин чандандеширо бо хурмату эхтиром эътироф намоем. Аммо мо набояд аз усул ва акоиди асоси, тавхид (ягонагии Худо) ва нубуввати Хазрати Мухаммад (Салаллоху алайхи ва олихи вассалам), хамчун охирин ва хотими пайгамбарон, ки хамаи мусулмононро ба якдигар пайванд медиханд, гофил бошем. Инхо эътикодоте мебошанд, ки байни хар зану марди мусулмон дар хар кучое, ки бошанд муштарак хастанд. Аммо имруз мехохам ба чанбаи дигаре аз мазхабамон ишора кунам, ки хамаи таъбирхои исломро бо хам мепайвандад ва умедворам ин пояи марказие бошад, ки мо чомеахои мадании ояндаи хешро бар асоси он бино созем. Дар ин чо ман ба ахлоки мазхабамон ишора мекунам.

Таваччух ва талоши бисёре барои баланд бардоштани сифати зиндаги дар Бадахшон ба харч дода шудааст. Дар холе, ки ин хадаф муносиб буда ва комилан мавриди кабули хамаи мазохиби кунунии ислом, ки ман аз онхо огох хастам мебошад, набояд хадафи ягонаи талоши мо бошад. Мухим аст, ки ин талошхое, ки мо барои баланд бардоштани сифати зиндагии харрузаи худ мекунем, бояд дар ахлоки мазхабамон сурат гиранд ва хар натичаеро, ки ба даст орем, бояд дар чорчубаи ин ахлок бошад.

Чун пояхои ахлокии зиндагии мадани дар хамаи мазхабхои ислом яксон мебошанд, мо як фурсати оли дорем, то чомеахои мадании ояндаро, ки дар он зиндаги хохем кард, дар асоси пояхое бино созем, ки хамаи мусулмононро муттахид месозанд на пояхое, ки онхоро аз хам чудо месозанд.

Сарвату кудрат худ ба худ хадаф нест, балки бояд ба хотири хидмат ба дигарон истифода шавад. Онхое, ки аз имконоти зиндаги махрум мондаанд, бояд ёри ва дастгири шаванд. Ин дастгири ва ёри бояд ба максади кодир намудани афроди махрум бошад, то битавонанд худро аз махдудиятхояшон рахо созанд.

Бузургтарин неъмати Худованд ба инсон – акли мо бояд хифз шуда ва набояд ба он зиён расад ва мабодо нобуд гардад. Бинобар ин он чи марбут ба маводи мухаддира ва нашъаовар аст, бояд катъиян аз он худдори шавад. Дониш аз хар кучое, ки пайдо шавад, бояд чуст. Аммо истифодаи он дониш бояд дар чорчуби ахлоки мазхабамон сурат гирад. Мо бояд дар сулху оромиш ва бо мулохизаи лозим барои дигарон зиндаги кунем. Мо бояд чуёи иззат ва шарафи хонаводахоямон ва хурмати харими хонахоямон бошем. Зебоии табии ва манбаъхои дунёамон дар тули хаётамон ба мо ба амонат супурда шудаанд ва мо бояд онро вусъат дода ва аз худ боки гузорем. Мо бояд ба мукаддас будани хаёт мутлакан эхтиром бигузорем. Дар Куръони Мачид омадааст: «Хар кас хаётеро начот дихад, гуё кулли башариятро начот додааст.»

Инхо баъзе аз пояхои ахлоки мебошанд, ки мо бояд толиби он бошем, то дар асоси онхо дар ин чо ва хам дар кисматхои дигари чахон чомеаи мадани бисозем. Инхо пояхое хастанд, ки бояд фаъолиятхои харрузаи зиндагиамонро хидоят кунанд ва чузъи чудонашавандаи фаъолиятхоямон бошанд. Ман таваччухи шуморо ба онхо чалб мекунам, чунки талошхои мо дар рохи баланд бардоштани сифати зиндагии харрузаамон харгиз набояд ба муносибатхои мо дар зиндаги ё рафторхои ичтимоие бианчомад, ки бо ахлоки мазхабамон зиддият дошта бошад.

Ба хамаи касоне, ки имруз ин чо хастанд ба хонавадахоятон хар кучо, ки бошанд дар Точикистон ва ё дар хорич, ман мухаббатомезтарин дуохои хайри худро медихам. Ман барои сулх ва оромиши абадии арвохи даргузаштагони шумо, барои неруи имон, барои сулх, рафох ва осоиши шумо дуо мекунам.

Мушкилосон хар рузу хар шаб.

 

Фарзандони рухорнии азизам, хохарон ва бародарони

Мусулмон

 

Ин сафар ба Точикистон барои ман бисёр фарахбахш аст, в-агар чи чанд рузи дигар шуморо тарк хохам кард, мехохам бидонед, ки шумо хамеша дар калб, дар фикр ва дар дуохои ман мебошед. Барои сулх, саодат, иттиход ва бароварда шудани (чомаи амал пушидани) орзухоятон ва мушкилосон хар рузу хар шаб ба даргохи Худо дуо мекунам.

 

Дуои пеш аз намоз

Бисмиллохиррахмониррахим

Алохума ё Мавлоно валоавли валокувват, илло биллох,алиюн азимо каримо, рахимо поко Парвардигоро бениёзо ру ба даргохи Шумо овардаем, ки ин панч тасбехи намози субх (шом) – ро ба даргахи пооки худ кабул фармоед. Нуран ало Нур Нури Хазрати Мавлоно Шохкарим –ал- Хусайни пири дастигири дуньё ва охират мадад.

Дуои баъд аз намоз

Мавлоно бигардони балои бад, казои бад ва сарнавишти бад. Аз шаръи шайтон, аз чаври султон, аз зулми золимон, аз бемории гарон, аз марги муфочот,аз соика, аз зилзила, аз кахтии нон,аз сумби сутуни бегонагон, аз аз тири сузон, аз чархи паррон, аз бедодии бедодгарон мо бандагони бебизот дар панох ва ризох ва аз рахмати худат нигох дори. Ё Мавлоно дари гам баста гардони ва дари шоди ба руи дустон ва бандагони худат кушода гардони. Ё Шохкарими Рахим поко Парвардигоро дастигири дуньё ва охират мадад.

 



Поделиться:




Поиск по сайту

©2015-2024 poisk-ru.ru
Все права принадлежать их авторам. Данный сайт не претендует на авторства, а предоставляет бесплатное использование.
Дата создания страницы: 2022-12-31 Нарушение авторских прав и Нарушение персональных данных


Поиск по сайту: